Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Бишкек мухолифонро боздошт карданд


Бино ба гузоришҳои расида аз Бишкек-пойтахти Қирғизистон, пулиси ин кишвар шахсиятҳои маъруфи мухолифонро боздошт кардааст. Онҳо ба ҳафтумин солгарди ёдбуди қурбониёни тирандозие баромада будаанд, ки дар ҷараёни он шаш нафар аз тазоҳуркунандагон кушта шуда буданд. Жумарт Сапарбоев-сухунгӯи ҳизби оппозитсионии Ата Макон мегӯяд, пулис одамонеро, ки барои ёдбуди хотираи қурбониён гирдиҳам омада буданд, муҳосира ва чанд нафарро боздошт кард. Дар миёни онҳо хонум Тулекан Исмоилова-раҳбари гурӯҳи ҳифзи ҳуқуқи мавсум ба "Шаҳрвандон алайҳи ришвахорӣ" ва Топчубек Тургуналиев-яке аз раҳбарони калидии мухолифон низ ҳастанд.
XS
SM
MD
LG