Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зарари бӯҳрони молӣ ба харидорони хона дар Алмаато


12 нафар қазоқҳое, ки дар пардохти хонапулӣ дер кардаанд, дирӯз дар Алмаато ба гуруснанишинӣ шуруъ карданд. Онҳо мегӯянд, барои дер кардани пардохти хонапулӣ ҳоло бонкҳо мехоҳанд хонаҳои онҳоро моли худ эълон кунанд. Онҳо хонаҳоро бо қарза харидаанд ва бахши боқимондаи пулро бояд ҳар моҳ як миқдори муайян бипардозанд. Гурӯҳи тазоҳуркунандагон аслан занҳо будаанд. Бонкҳои Қазоқистон дар натиҷаи бӯҳрони сартосарии молӣ аз муштариёни худ қарздор шудаанд ва дар пардохти пули онҳо мушкилӣ мекашанд.

XS
SM
MD
LG