Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Русия ба Тоҷикистон маводи имдодӣ мефиристад


Хабаргузории русии РИА Новости менависад, имруз 19 март ду ҳавопаймои ИЛ-76 вазорати умури изтирории Русия ҳомили маводи башардустона дар Душанбе фуруд хоҳанд омад. Ин кӯмакҳо аз маводи ғизоӣ, хайма ва дастгоҳҳои тавлиди барқ иборат мебошад. Ба гуфтаи масъулини вазорати умури изтирории Русия, ин кишвар то поёни моҳи март дар маҷмуъ ҳудуди 100 тона маводи имдодӣ ба Тоҷикистон мефиристад. Қабл аз ин сафоратхонаи Ӯзбакистон дар Тоҷикистон низ хабар дод, ки дар остонаи Наврӯз ба мактаби маълулон дар шаҳри Душанбе кӯмак кардааст.

XS
SM
MD
LG