Пайвандҳои дастрасӣ

Раҳбарони Молдова ва Денестр мулоқот карданд


Раҳбарони Молдова ва раҳбарони минтақаи ҷадоихоҳи Моварои Денестр дар мулоқоте бо миёнҷигарии Русия дар Маскав ба тавофуқ расиданд, ки барои ҳали сулҳомези муноқишаи 19-солаи худ корҳое анҷом хоҳанд дод. Ҷонибҳо қавл доданд, ки билофосила барои оғози раванди музокирот ба гуфтугӯ шуруъ мекунанд. Ин суханон баъд аз имзои эъломияи муштарак садо дод. Эъломияро Влодимир Воронин-раиси ҷумҳури Моолдова, Игор Смирнов-раҳбари Моварои Денестр ва Дмитрий Медведев-раиси ҷумҳури Русия имзо карданд.

XS
SM
MD
LG