Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Созиш барои ҳалли низоъи Трансднестр


Раҳбарони Ҷумҳурии Молдова ва минтақаи ҷудоихоҳи Трансднестри он дар як нишаст бо миёнҷигарии Русия барои рафъи муноқишаи 17-сола дар ин кишвар мувофиқат кардаанд. Раҳбарони ҳарду тараф ваъда додаанд, ки барои ба роҳ андохтани музокирот гуфтӯгуҳои мустақимро идома медиҳанд. Дар мавриди роҳҳои ҳалли ин муноқишаи бадарозокашида имрӯз Дмитрий Медведев – раиси ҷумҳури Русия, Владимир Воронин – раиси ҷумҳури Молдова ва раҳбари Трансднестр Игор Смирнов гуфтӯгу карданд. Сергей Лавров - вазири умури хориҷаи Русия гуфт, онҳо ҳамчунин ба созиш расиданд, "баъди ёфтани роҳи ҳалли муноқиша" нерӯҳои Русия ба ҳайси нозирони байналмилалии таҳти сарпарастии Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо дар Трансднестр бимонанд.
XS
SM
MD
LG