Пайвандҳои дастрасӣ

Таҷлили Наврӯз дар яхистони Антарктика


Дар Антарктикаи дурдаст ва яхбаста имсол Наврӯзро таҷлил мекунанд. Абдулҳамид Қаюмов - донишманди тоҷик, ки ҳоло дар ин қораи зебои Замин аст, дар сӯҳбати ихтисосӣ бо Радиои Озодӣ аз Истгоҳи Мирний дар Антарктика гуфт, имрӯз ҳамкорони русаш як рамзи Антарктидаро ба ҳайси намоянда аз Осиёи Марказӣ ҳадяи наврӯзӣ додаанд.Вай афзуд, ки рӯзи 20 март ҳатман Наврӯзро бо донишмандони рус таҷлил хоҳад кард. Абдулҳамид Қаюмов беш аз чаҳор моҳ аст, ки дар Антарктика ҳамроҳ бо донишмандони рус ба таҳқиқи тағйири иқлим машғул аст ва сӯҳбати муфассал ва ҷолиби ӯро дар барномаҳои наврӯзии Радиои Озодӣ мешунавед.
XS
SM
MD
LG