Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳайъати НАТО дар Афғонистони ноором


Яаап Де Ҳуп Схеффер – дабири кулли Паймони низомии НАТО гуфт, барои таъмини амнияти интихоботи моҳи август дар Афғонистон чаҳор баталиён ва 4 ҳазор сарбози изофӣ зарур аст. Яаап Де Ҳуп Схефеер – ҳангоми сафар дар Кобул имрӯз гуфт, мушкилоти Афғонистон, танҳо роҳи ҳалли низомӣ надорад. Дабири Кулли НАТО бо ҳайъати намояндагони 42 кишваре ба Афғонистон сафар кардааст, ки сарбозонашон дар Нерӯҳои Байналмилалии Кӯмаки Амниятӣ ба Афғонистон хидмат мекунанд. Ин сафар дар остонаи нишасти сарони кишварҳои узви НАТО сурат мегирад, ки рӯзҳои сеюм ва чаҳоруми апрел масъалаи авҷи хушунат дар Афғонистонро ҳам баррасӣ мекунанд.
XS
SM
MD
LG