Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Саъйи Русия барои ҳалли низоъи Молдова


Дмитрий Медведев – раиси ҷумҳури Русия имрӯз дар шаҳри Маскав бо раҳбарони Ҷумҳурии Молдова ва минтақаи ҷудоихоҳи Трансднестри он мулоқот кард. Ӯ аввал бо раиси ҷумҳури Молдова Владимир Воронин ва сипас бо раҳбари ҷудоихоҳон Игор Смирнов дидору гуфтӯгу дошт. Ба гуфтаи мақомоти расмии Кремл, Дмитрий Медведев шояд имрӯз роҳро барои музокироти сеҷониба боз кунад, ки дар он роҳҳои рафъи муноқишаи 17 солаи Молдова ва Трансднестр баррасӣ хоҳад шуд. Дипломатҳо ибрози нигаронӣ кардаанд, ки Маскав мехоҳад, то низоъро бо созишҳои шитобкорона ва бидуни музокироти байналмилалӣ рафъ намояд.
XS
SM
MD
LG