Пайвандҳои дастрасӣ

Идомаи раъйпурсии умумӣ дар Озарбойҷон


Дар Озарбойҷон имрӯз раъйпурсии умумӣ идома дорад, ки дар он масъалаи аз байн бурдани маҳдудияти дудавраии раёсати ҷумҳур дар ин кишвар дар миён гузошта шудааст. Ба гуфтаи Кумиссиёни Марказии Интихоботи Озарбойҷон, то нисфирӯзӣ бештар аз 52 дар сади мардум дар раъйдиҳӣ ширкат варзидаанд. Мухолифони давлат мегӯянд, раъйпурсӣ ба хотири устувор кардани сулолаи 40-солаи Алиевҳо дар Озарбойҷон аст, ки Ҳайдар Алиев шурӯъ кард ва имрӯз писари 47 – солааш Илҳом Алиев идома медиҳад. Як шохаи машваратии Шӯрои Аврупо дар умури ислоҳоти конститутсионӣ гуфтааст, тасвиби натиҷаҳои раъйпурсӣ "як ақибнишинии ҷидди Озарбойҷон аз роҳ ба сӯи демократияи устувор" хоҳад буд. Мухолифини давлат хостори таҳрими раъйпурсӣ шудаанд, зеро ба гуфтаи онҳо, ҳадаф аз раъйпурсӣ тамдиди бемаҳдудияти раёсати ҷумҳури Илҳом Алиев дар Озарбойҷон аст.
XS
SM
MD
LG