Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

"Пайкон" ба майдон ворид шуд


Бо номи «Пайкон» як ҳафтаномаи ҷадиди ҷамъиятию сиёсӣ аз чоп баромад ва вориди саҳнаи матбуоти Тоҷикистон шуд. Мақола ва таҳлилҳое ба монанди «Замминистр кист ё ба таваҷҷӯҳи Вазири умури дохилаи Тоҷикистон» ва «Тири Оҳ» (Сарнавишти талхи як солхӯрда аз Кӯлоб) аз навиштаҳои аслии шумораи нахустини ин нашрия мебошанд, ки ба мавзӯъҳои доғи ҷомеаи кишвар бахшида шудаанд.

Ҷумъабой Толибов, сардабири рӯзномаи «Пайкон» ба Радиои Озодӣ гуфт, онҳоро ба таъсиси ин ҳафтанома «ноадолатиҳои ҷомеа» водор кардааст. Ӯ гуфт, ба хотири озодии баён ва фароҳам овардани минбари баробар ба ҳамаи нерӯҳо ва созмонҳои сиёсию ҷамъиятии кишвар як гӯшаи махсус дар ин ҳафтанома ихтисос дода шудааст.

Дар ҳоли ҳозир, ҳудуди 30 ҳафтаномаи сиёсию ҷамъиятӣ ва иқтисодию фарҳангӣ дар Тоҷикистон пайваста чоп мешавад. Оё «Пайкон» дар чунин бозори доғ метавонад ҷойгоҳи худро пайдо намуда, хонандагони худро ба даст биорад? Бо посух ба ин суол Пӯлод Нуров, муовини раиси Иттиҳоди журналистони Тоҷикистон гуфт, агар ин ҳафтанома дастгирӣ ва маблағгузории зиёд дошта бошад, ва маводи баҳсбарангез чоп кунад, метавонад муваффақ шавад.

Сардабири ҳафтаномаи тозанашри «Пайкон» Ҷумъабой Толибов дар ҳоли ҳозир дар як маркази мустақили таҳқиқоти журналистӣ низ фаъолият дорад. Дар соли 2004 барои навиштани чанд мақолаи танқидӣ аз тарафи додгоҳи шаҳри Истаравшан ба маҳбас кашида шуда буд ва пас аз даъвои журналистҳо ва расонаҳои хабарӣ ва мусоидати созмонҳои байнулмилалӣ баъд аз 8 моҳ аз маҳбас раҳо шуд.

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG