Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мудири AIG-ро "истинтоқ" омода мекунад


Эдвард Лиддӣ - мудири иҷроияи ширкати азими Американ Интернешл Груп (AIG), ки чанде пеш ҳукумати Амрико аз вартаи суқут наҷоташ дод, имрӯз барои посух ба суолҳои сахти вакилони мардумии Иёлоти Муттаҳида ба конгресс ҳозир хоҳад шуд. Рафтори ин ширкат ҷомеаи Амрикоро ба хашм овардааст, чаро ки Ай Эй Ҷӣ чанде пеш ба 400 мудир ва тоҷирони ширкат бештар аз 165 миллион долларр ба ҳайси ҳадя пардохт кардааст. Барои наҷоти ин ширкати бимаи азим дар ҷаҳон ҳукумати Амрико 170 миллиард доллар масраф кард ва ҳоло 80 дар сади саҳмияҳояш дар ихтиёри ҳукумат қарор дорад. Тимотӣ Гейтнер - вазири дороии Амрико ваъда додааст, ки пулҳои ҳадяшуда ба раҳбарони Эй Ай Ҷи- ро ба ҳадди имкон баргардонда мегиранд.
XS
SM
MD
LG