Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баёнияи сафири Эрон дар шаҳри Кобул


Як дипломати эронӣ гуфтааст, ҳар гуна беҳбуди равобити кишвараш бо Амрико ба ошӯбҳои Толибон ва қочоқи авҷгирандаи маводи мухаддир дар Афғонистон таъсир нахоҳад гузошт. Ин баёнияи Фидо Ҳуссайн Маликӣ - сафири Эрон дар Кобул дар остонаи конфронси байналмилалӣ доир ба авзоъи ноамни Афғонистон садо дод, ки бо пешниҳоди Ҳилларӣ Клинтон – вазири умури хориҷаи Амрико баргузор мешавад. Пеш аз ин Рангин Додфар Спанто – вазири умури хориҷаи Афғонистон гуфта буд, ки ҳаргуна коҳиши таниш миёни Эрону Ғарб ба манфиати Афғонистон хоҳад буд. Аммо Фидо Ҳуссайн Маликӣ - гуфтааст, ҳатто мутмаин нест, ки намояндаи Эрон дар конфронси Афғонистон, ки моҳи 31 март дар Ҳолланд ширкат мекунад.
XS
SM
MD
LG