Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оғози хонатаконии наврӯзӣ


Дар Бадахшон таҷлили Наврӯз субхи имрӯз бо маросими хонатаконӣ оғоз гардид. Ин маросим тибқи одат ҳангоме анҷом дода мешавад, ки офтоб ба бурҷи ҳамал наздик шавад ва рӯз чаҳоршанбе бошад.

Бонувон бо баромадани нурҳои офтоб кулли ҷиҳози хонаро ба берун мебароранд ва хонаро тоза мекунанд, ба умеди хушбахтӣ ва пурии рӯзгор кафи орд ба рӯи сутунҳои хона мемоланд. Мурод аз анҷоми ин маросим он будааст, ки ба ақидаи мардум, инсон бояд ба пешвози рӯзи нав ва соли нав зоҳиран ва ботинан пок шавад.

Фолклоршинос Айдармамад Тавваккалов гуфт, ки хонатаконӣ бо ду ҷоруб, ки якеро пиёда ва дигареро савора меноманд ва бо яке сақф ва дигаре фарши хонаро тоза мекунанд, анҷом мешавад.

Бештари хонаводахо дар Бадахшон имрӯз маросими хонатаккони анчом доданд. Ақлимо Шоалифова, як сокини шахри Хоруғ, баён дошт, ки аз субҳи имрӯз бештари хонаводаҳо барои иҷрои маросим тараддуд доштанд, аммо хонаводаҳое, ки бинобар ба кор дар муассисаҳо банд будан имконият надоштанд, онро 21-уми март анҷом медиҳанд.

Аммо агарчи солҳои қаблӣ барои хонаводаҳои одатан серфарзанди Бадахшон анҷоми ин маросим мушкиле надошт ва он ҳатто ба як навъи сабқат табдил ёфт, аммо имрӯз барои иддае аз хонаводаҳо, ки дар онҳо танҳо бобову бибӣ саробони хонавода мондаанду дигарон дар муҳоҷират қарор доранд, хонатаконӣ ба бори гарон табдил шудааст. Дар маҳаллаи Бархоруғ ҳалли мушкилоти чунин хонаводаҳоро як ташкилоти ҷамъиятӣ бо номи «Маърифат» бар душ гирифтааст .

Қурбондавлат, як зани солхурда, ки ду набераи мактабхонашро саробонӣ мекунад, мегӯяд, ки агар кумаки ихтиёриён намебуд, вай маҷбур мешуд маросимро фақат ба тарзи рамзӣ гузаронад.

Роҳбари ташкилоти «Маърифат» Шероз Наимовро бо гурӯҳи ихтиёриён дар ҳоле дарёфтем, ки ба Фаросатмо Хуҷаназарова - як пирзани танҳо ва барҷомонда кумак мекарданд. Шероз Наимов баён дошт, ки танҳо дар маҳаллаи онҳо нуҳ хонавода ба чунин кумак ниёз доранд.

Вале иҷрои маросими хонатаконӣ на фақат ба дастони нозуки кадбону, ки дар ин рӯз навъҳои тамоми миллиро рӯи дастархон мегузорад, балки барои баровардани кулли ҷиҳози хона ба пешвози офтоб ва пас аз тоза намудану шамол хурдан аз нав ҷо ба ҷо кардани он ба панҷаи мардона эҳтиёҷ дорад. Вале тавре ба назар мерасад, алҳол бинобар мушкилоти иҷтимоӣ ва муҳоҷират иддае аз хонаводаҳо дар Бадахшон ҳатто дар мавриди ба ҷо овардани маросими мардумӣ душворӣ эҳсос мекунанд.
XS
SM
MD
LG