Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оғози роҳандозии тарҳи наҷоти иқтисоди Амрико


То ин замон бузургтарин пардохти ҳукумат, ки ба бонки “Ривервудс”-и аёлати Иллинойс равона шуда буд, 1 миллиарду 22 миллион долларо ташкил дод.

Ва хурдтарин маблағ баробар бо 425 миллион доллар насиби бонки “Ҳавиленд”-и аёлати Канзас гашта буд.

Пардохти навбатӣ рузи ҷумъа анҷом гирифт ва тибқи шартҳои қонун дар бораи ихтисоси 700 миллиард доллар ҷиҳати раҳоӣ аз бӯҳрони молӣ, ки моҳи октябри соли гузашта ба имзо расида буд, вазорати молия муваззаф аст дар тули ду рӯзи корӣ дар бораи анҷоми ин амалкард маълумоти пурра бидиҳад.

Тибқи баёния, ҳукумати раисҷумҳури собиқ Ҷорҷ Буш 250 миллиард доллар аз 350 миллиард доллари нахустини кумакҳо барои харидории саҳомҳои мумтози бонкҳо ва афзоиш додани сармояи онҳо равона мешавад.

Дар чаҳорчуби кӯшишҳои наҷоти низоми молӣ миллиардҳо доллар таҳти дигар барномаи раҳоӣ аз бӯҳрон ба бонкҳои бузурги кишвар, ки бо мушкилиҳо рӯбарӯ шудаанд, ихтисос дода шуд. Бонкҳои бузурги “Ситигруп”, “Бенк оф Америка”, ширкати азими бимаи “Эй Ай Ҷи” ва корхонаҳои мошинсозии “Ҷенерал Моторс” ва “Крайслер” низ аз кумакҳои андоздиҳандагон бархурдор шуданд.

Ин дар ҳолест, ки баъд аз ифшо шудани маълумот дар бораи он ки ширкати бимаи “Эй Ай Ҷи” чанд рӯз қабл ба кормандонаш 165 миллион доллар мукофотҳои иловагӣ пардохт намудааст, ҳукумат бо интиқоди шадид рӯбарӯ шуд. Дар воқеъ мукофотҳоро онҳое дарёфт карданд, ки бо гуноҳи онҳо ширкат миллиардҳо доллар қарзӣ таъмин нашуда дод ва дар семоҳаи охири соли гузашта беш аз 61 миллиард доллар зарар дид. Ин ҳодиса сиёсатмадорон ва мардуми оддиро ба ғазаб овардааст.

Маъмурияти раисҷумҳур Обама ваъда додааст, ки дар тафовут аз ҳукумати Буш ҳангоми ихтисоси 250 миллиард доллари навбатӣ шартҳои мушаххастар ва қотеътар мегузорад, аммо нагуфт, ки чи қадари ин сармоя барои харидории саҳомҳои бонкҳо ҷудо карда мешавад.

Ба ҳайси бахши бознигарии тарҳи раҳоӣ аз бӯҳрон маъмурияти нави Кохи сафед мехоҳад, вазъи 19 бонки бузурги кишварро баррасӣ намуда, муайян карданист, ки оё ин бонкҳо ба кумаки иловагӣ ниёз доранд, ё хайр, чунки ақибравии иқтисодӣ аз он чи ки пешгӯӣ мешуд, бадтар будааст.

Ҳукумати нав инчунин гуфтааст, ки қисми кумакҳоро барои таъсиси ширкати нима хусусӣ ва нима давлатӣ равона карданист. Гуфта мешавад, ки ин ширкат саҳомҳои беэътибори бонкҳоро харидорӣ хоҳад кард ва аммо муҳтавои ин тарҳ дар тули ду ҳафтаи наздик эълон мешавад. Моҳи гузашта маъмурияти Обама эълом карда буд, ки эҳтимол аст, аз Конгресс ихтисоси боз 750 миллиард доллар барои наҷоти низоми молии кишвар талаб кунад.
XS
SM
MD
LG