Пайвандҳои дастрасӣ

Медведев Русияро аз нав мусаллаҳ мекунад


Дмитрий Медведев, раисҷумҳури Русия

Дмитрий Медведев, раисҷумҳури Русия

Дмитрий Медведев, раисҷумҳури Русия, эълон кардааст, ки Русия ба таври густарда ба таҷдиди аслиҳа оғоз хоҳад кард.

Вай зимни суханронӣ дар мулоқот бо фармондеҳони низомии артиши ин кишвар изҳор дошт, ки вазифаи аслии ин тасмим "боло бурдани омодагии муҳорибавии нерӯҳои кишвараш, қабл аз ҳама нерӯҳои стратегии ҳастаӣ" мебошад.

Медведев гуфт, сабаби чунин иқдом тавсеаи ҳузури НАТО то наздикиҳои марзи Русия ва терроризми байнулмиллалист. Медведев афзуд, Русия барои таҷдиди аслиҳа маблағ дорад:

Соли гузашта Русия ба нақша гирифта буд, ки барои ду соли баъдӣ масорифи низомиро афзоиш медиҳад. Русия то соли 2011 барои харидории аслиҳа 140 миллиард доллар сарф мекунад.
XS
SM
MD
LG