Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Додгоҳи Фритзл далелҳои видеоии Элизабетро дид


Додгоҳи Австрия далелҳои видеоии шаҳодати додгоҳии хонум Элизабет Фритзлро тамошо кард. Элизабет занест, ки падараш вайро дар таҳхонае беш аз 20 сол нигаҳ дошт ва аз падараш 7 кӯдак ба дунё овард. Ҳоло падари вай Ҷозеф Фритзл 73 сол дорад ва барои таҷовуз ба номуси духтараш, омезиши хун ва нигаҳдории духтару кӯдакони вай дар таҳхонае мисли зиндон гунаҳгор дониста мешавад. Додситонӣ мегӯяд, Ҷозеф ҳамчунин дар соли 1996 ба кӯдаки навзод кӯмаки тиббӣ накардааст ва кӯдак нобуд шудааст.

XS
SM
MD
LG