Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Венесуэло ва Русия ширкати ҷадиди нафт ташкил доданд


Ҳуго Чавез-раиси ҷумҳури Венесуэло мегӯяд, кишвари вай бо Русия барои кор бо тарҳҳои нафтӣ як ширкати муштарак таъсис додаанд. Ин ширкат аз ҳисоби консорсиюми ширкатҳои нафтии Русия ва ширкати давлатии нафти Венесуэло ташкил мешавад. Ин ширкати ҷадид бо истихроҷи нафт дар ҳавзаи рудхонаи Ориноко машғул хоҳад шуд. То ҳол чоҳҳои нафтии ин минтақа дастнахӯдрда боқӣ мондаанд. Ҳуго Чавез гуфт, ин ширкат на танҳо дар Венесуэло, балки дар саросари ҷаҳон амлиёти боз анҷом медиҳад.

XS
SM
MD
LG