Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҳукумати Чех райдиҳиро ба таъхир андохт


Ҳукумати ҷумҳурии Чех райдиҳӣ барои тарҳи Қонун дар бораи истиқрори сипари зидди мушакии Амрико дар қаламрави Чехро ба таъхир андохт. Мирек Тополанек-нахуствазири ин кишвар мегӯяд, ҳукумати эътилофӣ ин тарҳро барои он аз райдиҳӣ фаро хонд, ки барои тасвиби он райи кофӣ вуҷуд надошт. Ҳукумат барои тасвиби ин тарҳ дар маҷлиси поёнии порламон аз райи кофӣ маҳрум буд. Тополанек мегуяд, ҳукумат ба чанд нафар аз намояндагон такя мекард, вале онҳо бо баъзе сабабҳо дар иҷлоси порламон ҳузур надоштанд.

XS
SM
MD
LG