Пайвандҳои дастрасӣ

Дар Озарбойҷон райпурсӣ баргузор мешавад


Имрӯз мардуми Озарбойҷон пои сандуқҳои рай мераванд, то дар райпурсие бо райи худ таъйин кунанд, ки оё як раиси ҷумҳур танҳо ду дафъа ҳақи интихоб шуданро дорад ё бештар аз он. Мухолифони сиёсии давлати Озарбойҷон мегӯянд, ҳадаф аз ин райпурсӣ таҳкими ҳокимияти 40 солаи сулолаи Алиевҳо аст, ки бо Ҳайдар Алиев оғоз шуд ва ҳоло писари 47 солаи вай Илҳом Алиев зимоми ҳокимиятро дар даст дорад. Созмонҳои байналмиллалии ҳуқуқи башар мегӯянд, агар маҳдудият дар интихоби раиси ҷумҳур аз миён бардошта шавад, Озарбойҷон аз роҳи таҳкими демократия ақабнишинӣ хоҳад кард.

XS
SM
MD
LG