Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Медведев Русияро бо аслиҳаи ҷадид мусаллаҳ мекунад


Дмитрий Медведев-раиси ҷумҳури Русия гуфт, кишвараш аз соли 2011 ба таври густарда ба таҷдиди аслиҳа оғоз хоҳад кард. Вай зимни суханонаш дар мулоқот бо фармондеҳони низомии артиш изҳор дошт, ки вазифаи аслӣ "боло бурдани омодагии муҳорибавии нируҳои кишвараш, қабл аз ҳама нируҳои стротегии ҳастаӣ" мебошад. Медведев гуфт, сабаби чунин иқдом тавсеъаи ҳузури НАТО то наздикиҳои марзи Русия ва терроризми байналмиллалист. Медведев афзуд, Русия барои таҷдиди аслиҳа маблағ дорад:

"Вазифаи муҳими мо таъмини нируҳо бо навъи аслиҳаи муосир аст. Мо барои тавсеъа ва хиридории чунин аслиҳа маблағи кобили мулоҳиза ихтисос медиҳем. Ҳатто, бо вуҷуди мушкилии кунунии молӣ ин миқдор маблағ амалан дар барномаҳои қаблан пешбинишуда боқӣ мемонад".

Соли гузашта Русия ба нақша гирифта буд, ки барои ду соли баъдӣ масорифи низомиро афзоиш медиҳад. Русия то соли 2011 барои харидории аслиҳа 140 миллиард доллар сарф мекунад.

XS
SM
MD
LG