Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зане бо тугмаҳои ҳероиндор дар Душанбе боздошт шуд


Бино ба иттилоъи хабаргузории Ройтерз, як зани филипинӣ дар фурудгоҳи Душанбе боздошт шудааст. Кормандони гумрук гуфтаанд, ин зан талош доштааст, бо ҳероине, ки дар дохили садҳо дона тугма ҷой кардааст, аз Душанбе ба Туркия парвоз кунад. Кормандони гумруки фурудгоҳ баъд аз боздошти зан аз дохили 758 дона тугма 3 килограм ҳероин мусодира кардаанд. Ин тугмаҳо ба 33 хилъати ҳаммом дӯхта шуда буданд.

XS
SM
MD
LG