Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раисиҷумҳури Мадагаскар ба истеъфо рафт


Марк Раваломанона, раисиҷумҳури Мадагаскар, эълом дошт, ки ба истеъфо меравад ва ҳукуматро дар ихтиёри низомиён мегузорад. Раҳбари кишвар дар ин бора баъди он тасмим гирифт, ки Энри Раҷоэлина, раҳбари мухолифини Мадагаскар ва ҳазорон ҷонибдорони ӯ имрӯз Кохи раёсатиҷумҳурро дар маркази пойтахт - АнтанаНариву ишғол карданд. Ба иттилоъи хабаргузории Франс-Пресс, рӯзи душанбе Кохи раёсатиҷумҳур аз сӯи низомиёни бо мухолифин пайваста забт шуда буд.

Энри Раҷоэлина худро раҳбари ҳукумати интиқолӣ эълон кард. Аҳзоби мухолиф раисиҷумҳур Раваломанонаро дар яғмои сарвати кишвар ва талошҳои аз байн бурдани низоми демократӣ муттаҳам мекунанд.

Иттиҳодияи Африқо ҳаводиси Мадагаскарро чун “табаддулоти давлатӣ” арзёбӣ кард.
XS
SM
MD
LG