Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳукумат эъдоми ҳамсафони Саддомро мехоҳад


Ҳукумати Ироқ бори дигар аз раиси ҷумҳур даъват кард, ки ҳукми эъдоми ҳамсафони собиқи Саддом Ҳусейн тасдиқ кунад. Бародарзодаи раисиҷумҳури пешин Алӣ Ҳасан Ал-Маҷид ё "Алии кимиёвӣ", собиқ вазири дифоъ Султон Ҳошим ва фармондеҳи собиқи артиш Ҳусейн Рашид Муҳаммад бо иттиҳоми наслкушии курдҳо дар соли 1988 маҳкум ба эъдом шудаанд. Қаблан раисиҷумҳур Ҷалоли Толибонӣ ва муовини раисиҷумҳур Тариқ Ал-Ҳошимӣ мухолифати худро ба ҳукми қатли Султон Ҳошим ва Рашид Муҳаммад иброз доштанд, зеро ба гуфтаи онҳо, ин ду нафар фақат амри Саддом Ҳусейнро иҷро мекарданд.
XS
SM
MD
LG