Пайвандҳои дастрасӣ

Суқути ҳукумат дар Мадагаскар


Энри Раҷоэлина, раҳбари мухолифини Мадагаскар ва ҳазорон ҷонибдорони ӯ кохи раёсатиҷумҳурро дар маркази пойтахт Антананариву ишғол карданд. Ба иттилоъи хабаргузории Франс-Пресс, рӯзи душанбе кохи раёсатиҷумҳур аз сӯи низомиён забт гардид, ки ахиран ба мухолифин пайвастанд.

Энри Раҷоэлина худро раҳбари ҳукумати интиқолӣ эълон кард. Ӯ аз низомиён даъват кард, то раиси ҷумҳур Марк Раваломанонро, ки дар қароргоҳи берунишаҳриияш панаҳ бурдааст, боздошт кунанд. Аҳзоби мухолиф раисиҷумҳурро дар яғмои сарвати кишвар ва талошҳои аз байн бурдани низоми демократӣ муттаҳам мекунанд.

XS
SM
MD
LG