Пайвандҳои дастрасӣ

Дар Анҷумани байналмилалии об, ки тӯли ҳафтаи равон дар Истанбул идома хоҳад дошт, мансабдорон, фаъолони ҳифзи муҳити зист ва соҳибкорони 130 кишвари олам роҳҳои беҳбуди истифода ва нигаҳдошти захираҳои обии саросари оламро баҳс хоҳанд кард. Дар паёми ифтитоҳии Форуми панҷуми байналмилалии об президенти Туркия Абдуллоҳ Гул гуфт, аз миёни тақрибан 6 милларду 800 миллион аҳолии рӯи олам беш аз як миллиард нафар бо камбуди оби пок мувоҷеҳ мебошанд.

Форуми байналмилалии об як дафъа дар се сол ҷамъ шуда, имкони беҳбуди истифодаи захираҳои обиро матраҳ менамояд. Ба қавли коршиносони соҳаи об, сол то сол тақозо ба об, ба вижа оби поки нӯшиданӣ афзоиш меёбад, вале вазъияти низоми поксозии об дар кишварҳои зиёд бадтар мешавад. Аз сӯе ҳам рақобат барои дастрасӣ ба об бештар эҳсос мешавад. Кишварҳо бо ҳамсояҳояшон, сокинони шаҳр бо кишоварзон, ҳамчунин, истифодабарандагони об барои парвариши меваву сабзавот бо онҳое, ки обро барои тавлиди маводи сӯхт-маводи сӯхти биологӣ истифода мебаранд, сабқат доранд. Аммо аснои кушоиши Анҷумани Истанбул ҳозирин шикоят карданд, ки бӯҳрони саросарии иқтисодӣ боиси коҳиши таваҷҷӯҳ ба мушкили об шудааст.

Дар нишасти имсола намояндагони 130 кишвар, аз ҷумла, ҳайати Тоҷикистон таҳти раҳбарии президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ширкат меварзад. Баҳсҳои нишасти Истанбул бар пояи гузориши СММ сурат мегиранд. Ин таҳқиқот "Об дар олами тағйирёбанда" унвон дошта, муаллифони он мегӯянд, дар ҳоле ки тағйири иқлим захираи оби ошомидании оламро коҳиш медиҳад, аҳолии рӯи олам рӯ ба афзоиш аст. Ба ақидаи ходимони СММ, агар мушкили об ҳалли худро пайдо накунад, нооромиҳои сиёсӣ ва низоъҳо дар сатҳи мухталиф бештар хоҳанд шуд.

Тибқи саршумори ғайрирасмӣ, феълан, дар саросари олам беш аз 6,5 миллиард нафар ба сар мебаранд ва ҳар сол шумораи онҳо 80 миллион нафар бештар мешавад. Яъне, дар соли 2050-ум аҳолии олам боз 3 миллиард нафар зиёдтар мешаваду, 90%-и он сокинони кишварҳои рӯ ба тараққӣ, ки ҳозир ҳам бо камбуди об мувоҷеҳ мебошанд.

Муаллифони гузориши СММ ба зарурати рушди низоми обёрии олам таъкид кардаанд. Ҳоло кишоварзӣ 70 % захираи оби оламро
"Агар мушкили об ҳалли худро пайдо накунад, нооромиҳои сиёсӣ ва низоъҳо дар сатҳи мухталиф бештар хоҳанд шуд."
истеъмол мекунад ва агар ин низом рушд наёбад дар соли 2050-ум то 90% захираи оби олам мавридим истифодаи кишоварзон қарор хоҳад гирифт.

Дар майдони рӯ ба рӯи Форуми Истанбул эътирозгарони зиёде бо полис бархӯрд намуданд. Ба қавли эътирозгарон, соҳибкорони бузург обро ҳамчун ашёи хом истифода бурда, ҳуқуқи мардумро поймол мекунанд. Фаъолони ҳифзи муҳити зист мегӯянд, кишварҳои дар ҳоли рушд захираҳои обии худро ғайридавлатӣ гардонида, ба ширкатҳои бузурги байналмилалӣ тақдим менамоянд. Ин ширкатҳо обро дар шишаҳои пластикӣ ҷой дода, аҳолиро бо оби поки ошомидани таъмин мекунанд. Вале эътирозгарон бар ин назаранд, ки аксари мардум қудрати харидории чунин обро надоранд.

Дар гузориши худ СММ кӯшиш накардааст, ки роҳи ҳалле пешниҳод намояд. Ба ақидаи муаллифони гузориш, роҳи ҳалро бояд ширкаткунандагони нишасти Истанбул баррасиву пайдо кунанд.
XS
SM
MD
LG