Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Китобҳои қадимаро электронӣ карданд


Файзулло Бобоев, муовини раиси Пажӯҳишгоҳи ховаршиносӣ ва мероси хаттии Фарҳангистони улуми Тоҷикистон

Файзулло Бобоев, муовини раиси Пажӯҳишгоҳи ховаршиносӣ ва мероси хаттии Фарҳангистони улуми Тоҷикистон

Пажӯҳишгоҳи ховаршиносӣ ва мероси хаттии Фарҳангистони улуми Тоҷикистон 500 нусха номгӯи китобҳои қадими ин пажӯҳишгоҳ ва китобхонаи миллии Фирдавсиро бо забонҳои форсӣ, русӣ ва англисӣ дар СД ҷой дода, дар як ҳамоиш ба донишмандону таърихшиносон муаррифӣ кард.

Файзулло Бобоев, муовини раиси Пажӯҳишгоҳи ховаршиносӣ ва мероси хаттии Фарҳангистони улуми Тоҷикистон гуфт, ҳадафи аслии дар СД ҷой додани ин мероси гаронбаҳои миллӣ қабл аз ҳама ҳифзи нусхаҳои ҳамин китобҳост, зеро бо мурури замон ин китобҳо дучори беморӣ шуда ва ҳатто ҳарфҳо ва ҷумлаҳо нохоно шудаанд. Гузашта аз ин, феҳрасти мазкур талоши аввалинест барои шиносоии хонандагон ва пажӯҳишгарон ва доираи васеъи хонандагон бо осори хаттии қадима мебошад.

Ба гуфтаи Файзулло Бобоев, дар феҳристи электронӣ маълумотҳои гуногун дар бораи китоб ва муаллиф оварда шудааст. Ба гуфтаи вай, феҳрист дар худ номгӯи мавзӯъҳоро дошта, маълумот ба хонанда аз рӯи пайдарҳамии ҳарфҳои алифбо пешниҳод мешавад.



















Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG