Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Озарбойҷон қонуни афв қабул шуд


Парлумони Озарбойҷон имрӯз бо аксари оро Қонуни афвро қабул кард. Тибқи ин санад, тақрибан 2 ҳазор маҳбусон чаҳордевори зиндонро тарк хоҳанд гуфт. Тарҳи Қонун дар бораи афв аз сӯи вакили парлумон Меҳрубон Алиева, хонуми раисиҷумҳури Озарбойҷон таҳия шудааст. Ба феҳрасти афроде, ки тибқи ин санад озод мешаванд, занони ҷинояти сангин содирнакарда, наврасони то 15-сола, маълулон ва мардони синнашон аз 60-сола боло шомиланд. Ҳомиёни ҳуқуқи башар мегӯянд, ки мақомот ба ин феҳраст ягон маҳбуси сиёсиро ворид накардаанд.

XS
SM
MD
LG