Пайвандҳои дастрасӣ

Ҷасади Довудхон дубора ба хок супурда шуд


Имрӯз дар мавзеъи Доруламони канори шаҳри Кобул маросими бахоксупории дубораи ҷасади нахустин раисиҷумҳури Афғонистон Муҳаммад Довудхон баргузор шуд. Дар ин маросим раисиҷумҳури Афғонистон Ҳомид Карзай ва бархе аз пайвандони раисиҷумҳури пешин ширкат доштанд. Довудхон ва аҳли хонаводаи ӯ беш аз 30 сол қабл бар асари кудатои комунистӣ дар Афғонистон кушта шуданд. Онҳо дар як мавзеъи номаълум дар як пойгоҳи низомии канори Кобул ба хок супурда шуда буданд ва оромгоҳи онҳо ҳамагӣ чанд моҳ пештар ошкор гардид.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG