Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Клинтон аз тасмими Исломобод истиқбол кард


Ҳилларӣ Клинтон, Котиби давлатии ИМА, аз тасмими мақомоти Покистон барои дар маснади қаблияш барқарор кардани собиқ раиси Додгоҳи Олӣ Ифтихор Чоудрӣ истиқбол кард ва гуфт, ки он барои эътидоли вазъ дар кишвар мусоидат хоҳад кард. Ба гуфтаи хонум Клинтон, мақомоти Покистон баъди берун шудан аз бӯҳрони сиёсӣ, метавонанд бештар рӯи мубориза бо гурӯҳҳои мусаллаҳи мустақар дар марз бо Афғонистон тамаркуз кунанд.

Дирӯз Юсуф Ризо Гелонӣ, сарвазири Покистон, ба хотири ҷилавгирӣ аз амиқрафти бӯҳрони сиёсӣ дар кишвар эълом дошт, ки ҳама додрасҳо, аз ҷумла, раиси пешини Додгоҳи Олӣ Ифтихор Чоудрӣ дар маснадашон барқарор мешаванд. Ба думболи ин изҳорот раҳпаймоии эътирозии мухолифин аз Лоҳур сӯи Исломободро боздошта шуд. Барқарор кардани Ифтихор Чоудрӣ дар мақоми раиси Додгоҳи Олӣ - талаби аслии намоишҳои эътирозии чанд рӯзи ахир дар Покистон буд.

XS
SM
MD
LG