Пайвандҳои дастрасӣ

Эмомалӣ Раҳмон дар Форуми об суханронӣ кард


Тақрибан нисфи аҳолии Замин дар таъмин бо оби пок ба мушкили ҷиддӣ мувоҷеҳанд, аз ҷумла, наздики як миллиард нафар аз дастрасӣ ба оби ошомиданӣ маҳруманд. Дар ин бора раисиҷумҳури Туркия Абдулло Гул зимни суханронӣ дар Форуми панҷуми ҷаҳонӣ оид ба захоири об хабар дод. Дар ин нишаст, ки дирӯз дар Истамбул ифтитоҳ шуд, ҳайатҳои беш аз 130 кишвари олам масоили марбут ба таъмин бо оби пок ва ҷилавгирӣ аз низоъҳои минтақаӣ бар асари тақсими обро баррасӣ мекунанд.

Дар Форуми панҷуми ҷаҳонӣ оид ба захоири об раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон низ суханронӣ кард. Ӯ гуфт, “барои Тоҷикистон, ки аз дигар манобеи энергетикӣ маҳрум аст, рушди соҳаи гидроэнергетика кафили беҳтар шудани вазъи иҷтимоию иқтисодӣ, таъмини некӯаҳволии мардум ва инчунин комёб шудан ба Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола буда метавонад. Ба гуфтаи Эмомалӣ Раҳмон, “стратегияи Тоҷикистон талаботи муҳити зист ва қонеъ гардонидани ниёзмандиҳои воқеии кишварҳои ҳамсояро ба назар мегирад”.

Дар арафаи форум мухолифини ҷаҳонишавӣ барои ташкили гирдиҳамоии эътирозӣ дар Истамбул талош карданд ва аммо полис бо истифода аз гази ашковар онҳоро пароканда намуд. 17 нафар аз тазоҳургарон боздошт шуданд.

XS
SM
MD
LG