Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Раҳмон дар Форуми об суханронӣ кард


Аз чап ба рост: Шоҳзодаи Дания Уилям Александр, раисҷумҳури Туркия Абдулло Гул ва раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Форуми ҷаҳонии об дар Истанбул

Аз чап ба рост: Шоҳзодаи Дания Уилям Александр, раисҷумҳури Туркия Абдулло Гул ва раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Форуми ҷаҳонии об дар Истанбул

Президент Эмомалӣ Раҳмон дар Форуми ҷаҳонии об дар Истанбул гуфт, тарҳҳои марбут ба оби Тоҷикистон ба зарари ягон кишвари ҳамсоя нест.

Имрӯз, 17-уми март раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Форуми ҷаҳонии об дар шаҳри Истанбули Туркия суханронӣ кард. Ӯ гуфт, тағйири иқлим асари худро ба одамон ва муҳити зист тавассути таъсири он ба захираҳои об мегузорад. Президент Раҳмон Тоҷикистон мисол овард, ки хушксолии пай дар пайи солҳои охир дар баробари коҳиши истеҳсолоти кишоварзӣ, ба пайдоиши буҳрони энергетикӣ низ сабаб шуд.

Эмомалӣ Раҳмон гуфт, барои Тоҷикистон, ки аз дигар манобеи энергетикӣ маҳрум аст, маҳз рушди соҳаи гидроэнергетика кафили беҳтар шудани вазъи иҷтимоию иқтисодӣ, таъмин намудани некӯаҳволии мардум ва инчунин комёб гардидан ба Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола шуда метавонад. Ӯ гуфт, стратегияи Тоҷикистон талаботи муҳити зист ва қонеъ гардонидани эҳтиёҷоти воқеии кишварҳои ҳамҷаворро ба назар мегирад. Президенти Тоҷикитсон гуфт, қариб 60% оби Осиёи Марказӣ аз сарзамини Тоҷикистон сарчашма мегирад, вале танҳо 5% онро Тоҷикистон истифода мебарад. Вобаста ба ин, гуфтааст Э. Раҳмон, ӯ об ва сарфаи оқилонаи онро ҳамчун василаи асосии таҳкими ҳамкорӣ дар минтақа медонад.

Бар илова, президенти Тоҷикистон истифодаи оби мусаффои нушокии кӯли Сарезро чун яке аз тадбирҳои ҳалли масъалаи таъмини об ва беҳдошт, пешниҳод намуд. Ӯ гуфт, ҳаҷми захираи оби ин кӯл зиёда аз 17 километри мукааб буда, ин манбаъ метавонад минтақаи Осиёи Марказиро абадан бо оби тозаи ошомиданӣ таъмин намояд: «Чунонки мову шумо медонем, ба шаҳри Истамбул аз шаҳри Анқара, аз масофаи беш аз 300 км оби ошомиданӣ бо қубур интиқол дода мешавад. Байни кишварҳо барои таъмини газу нафт ба масофаи ҳазорҳо км қубурҳо кашида мешаванд. Чаро мо кишварҳои ҳамсояи худро бо ҳамин усул бо оби тозаи ошомиданӣ таъмин накунем. 99% аҳолии Тоҷикистон мусулмонанд ва тибқи ҳидоятҳои дини мубини Ислом об додан ба ташнагон аз беҳтарин корҳои савоб аст.»

Президенти Тоҷикистон бо умедворӣ ки ин пешниҳод мавриди таваҷҷӯҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ мегардад, афзуд, ки ҳамзамон, ин иқдом барои пешгирии хатари раҳнашавии сарбанди табиии ин кӯл, ки ба қисми зиёди Осиёи Марказӣ таҳдид менамояд, мусоидат хоҳад кард.
Президенти Тоҷикистон ҳамчунин пешниҳод кард, ки соли 2010 дар Душанбе Конфронси байналмилалӣ баргузор шавад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG