Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бурду бохти шатранҷбозони тоҷик дар Тошканд


Мусобиқаи байнулмилалӣ оид ба шоҳмот барои гиромидошти хотираи аввалин гроссмейстери Узбакистон Георгий Аъзамов дар шаҳри Тошканд оғоз шуд.

Дар севумин давраи ин мусобиқаи анъанавӣ, ки бо ширкати 98 шатранҷбози 10 кишвари ҷаҳон баргузор шудааст, инчунин, 7 намояндаи Тоҷикистон ширкат меварзанд. Мусобиқа аз рӯи манзумаи суисӣ сурат гирифта, аз 9 давр иборат аст.

Дар нахустин даври мусобиқа шатранҷбози тоҷик Фаррух Амонатов, ғолиби мусобиқаи порсола, бар намояндаи Қазоқистон Татяна Ким пирӯз шуд. Шатранҷбози дигари тоҷик Неъмат Зиёев низ бар рақибаш Александр Кривенко (Узбакистон) ғалаба кард. Бозии шатранҷбози ҷавони тоҷик Соҳиб Ҷӯраев бо Сироҷиддин Зайниддинов (Узбакистон) мусовӣ анҷом ёфт. Вале намояндаи дигари Тоҷикистон Давлатмамад Сангмамадов аз рақибаш Инъомҷон Шоймуродов (Узбакистон) мағлуб гашт. Инчунин шатранҷбозони ҷавони тоҷик Темур Гадоев, Сӯҳроб Ҳошимов ва Асила Мӯҳтоҷзода аз нахустин имтиёз маҳрум шуданд.

Бад-ин тартиб пас аз даври аввали мусобиқа 42 нафар шатранҷбозон якимтиёзӣ ба даст овардаанд. Фаррух Амонатов баъди пешсаф, собиқ қаҳрамони ҷаҳон Рустам Қосимҷонов (Узбакистон) дар ҷои дуюм қарор дорад. Неъмат Зиёев ҷои 25-умро касб кардааст.

Дар даври дуюм Фаррух Амонатов бо Бегалӣ Саидов (Узбакистон), Неъмат Зиёев бо Вадим Малахатко (Белгия), Соҳиб Ҷӯраев бо Авазбек Эшбоев (Узбакистон), Асила Мӯҳтоҷзода бо Юлдуз Ҳамроқулова (Узбакистон), Темур Гадоев бо Б. Давлатшин (Узбакистон), Давлатмамад Сангмамадов бо Ҷамшед Шодиқулов (Узбакистон) ва Сӯҳроб Ҳошимов бо Бобур Охунов (Узбакистон) бозӣ хоҳанд кард.
XS
SM
MD
LG