Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷири эронӣ дар Амрико боздошт шуд


Як тоҷири эронӣ ба иттиҳоми интиқоли ғайриқонунии мотори чархболҳои амрикоӣ ва камераҳои антенаӣ ба Эрон боздошт шудааст. Ин тоҷир бо номи Ҳусейн Алӣ Хушнависрод 55 сол дорад ва рӯзи шанбе аз сӯи кормандони вазорати тиҷорати Амрико билофосила баъд аз фуруд дар фурудгоҳи байналмиллалии Сан Франсиско боздошт шуд. Вай рӯзи душанбе дар додгоҳи Сан Франсиско зоҳир шуд. Хушнависрод аз Теҳрон аст ва мумкин аст барои 20 сол равонаи зиндон шавад.
XS
SM
MD
LG