Пайвандҳои дастрасӣ

Амрикоиҳо ҳавопаймои беодами Эронро дар Ироқ заданд


Низомиёни Амрико дар Ироқ як ҳавопаймои бесанишини Эронро сарнагун кардаанд. Низомиёни Амрико мегӯянд, ҳавопаймоҳои ҷангии онҳо ин ҳавопаймои эрониро моҳи гузашта дар сад километрии шимоли шарқи ироқ сарнагун сохтаанд. Сухангӯи низомиёни Амрико гуфтааст "ин кор ҳодисае" набудааст. Аммо генерал Абдулазиз Муҳаммад Ҷосим-раиси амалиёти низомӣ дар вазорати дифоъи Ироқ ба хабаргузории Ройтерз гуфтааст, вуруди ҳавопаймои бесарнишини Эрон ба Ироқ шояд иштибоҳӣ будааст. Мақомоти расмии Эрон ба ин хабар вокуниш нишон надодаанд.

XS
SM
MD
LG