Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Яман Ал Қоъидаро гунаҳгори ҳамлаи марговар медонад


Мақомоти Яман гуфтаанд, дар паси як инфиҷори интиҳорӣ, ки дар он чаҳор сайёҳи Куриёи Ҷанубӣ ва ва ронандаи ямании онҳо ба қатл расиданд, афроди Ал Қоъида қарор доштаанд. Дар ҳамин ҳол, мақомоти амниятӣ мегӯянд, онҳо 12 нафар аз тундгароёни исломиро дар робита бо ҳамлаи рӯзи якшанбеи наздикии қалъаи муқаддаси шаҳри Шибам боздошт карданд. Мақомоти интизомӣ мегӯянд, ин 12 нафар аъзои як гурӯҳи тундраванд ва дар бораи ҳамла маълумот доранд. Яман дар гузаштаҳо саҳнаи ҳамлаҳои марговар ба дипломатҳои хориҷӣ, ба сафоратхонаи Амрико ва ба таъсисоти низомии кишварҳои ғарбӣ будааст.

XS
SM
MD
LG