Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хотамӣ номзадиашро аз муборизоти интихоботӣ фаро хонд


Муҳаммади Хотамӣ-собиқ раиси ҷумҳури Эрон гуфтааст, вай номзадии худро аз интихоботи раёсати ҷумҳурӣ фаро хондааст, то бад-ин васила аз тақсими оро миёни ислоҳталабон ҷилавгирӣ ба амал ояд. Хотамӣ гуфтааст, вай дар интихоботи 12-ӯми июн ширкат нахоҳад кард, то бовар ҳосил шавад, ки овардани тағирот соддатар хоҳад буд. Ворид шудани Муҳаммади Хотамӣ ба муборизоти интихоботӣ бар зидди Маҳмуди Аҳмадинежод дар як моҳи қабл умеди баъзе аз ислоҳталабонро бештар кард, умеди ононеро, ки хостори равобити бештар бо Ғарб ва озод кардани ҳукумати муҳофизакори исломӣ мебошанд. Аммо ду номзади дигари маъруф аз ҷониби ислоҳталабон вориди муборизаҳои интихоботӣ шудаанд. Яке аз онҳо Мирҳусейн Мусавӣ-нахуствазири собиқ аст ва Хотамӣ бар ин ақидааст, ки Мусавӣ метавонад шумораи бештари орорро аз муҳофизакорон бигирад.
XS
SM
MD
LG