Пайвандҳои дастрасӣ

Обама кӯмак ба соҳибкорони хурдро эълон кард


Барак Обама-раиси ҷумҳури Амрико нақшаи миллиардҳо доллар қарзаҳои ҳукумат барои наҷоти бахши хурди соҳибкориро эълон кард, зеро дар чунин бахшҳо тақрибан 70 дарсади коргарони амрикоӣ машғули коранд. Ин барнома қадами дигари давлати Барак Обама дар чаҳорчӯбаи барномаҳои раҳоӣ аз бӯҳрони иқтисодӣ ба шумор меравад. Бино ба гузоришҳо, давлати Амрико барои кӯмак ба бонкҳо низ барномаҳое рӯи даст хоҳад гирифт.
XS
SM
MD
LG