Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мухолифони Қирғизистон ба тазоҳурот даъват карданд


Ҳизбҳои мухолифи давлати Қирғизистон даъват кардаанд, ки дар саросари ин кишвар тазоҳуроти эътирозӣ баргузор шавад. Онҳо ҳукуматро муттаҳам мекунанд, ки вазъи иқтисодӣ бад шудааст ва фишори давлат афзоиш ёфтааст. Дирӯз шаш ҳизби мухолиф даъват карданд, ки 27-ӯми март дар Бишкек тазоҳурот баргузор шавад. Мақомоти расмӣ ба багузории ин тазоҳурот иҷоза додаанд, вале гуфтаанд, ки пулис хушунат ва фаъолиятҳои ғайриқонуниро таҳаммул нахоҳад кард. Соли 2005 тазоҳуроти густарда бо сарнагунии ҳукумат анҷом ёфт, вале аз он замон ба ин сӯ вазъи амниятӣ ва иқтисодӣ дар кишвар бадтар ва нооромии сиёсӣ бештар шудааст.

XS
SM
MD
LG