Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Лукашенко интизори тасмими Иттиҳодияи Аврупост


Вазирони умури хориҷаи Иттиҳодияи Аврупо дар як нишаст дар Брюссел мавзӯъи лағви тасмим дар бораи иҷозаи сафари Александр Лукашенко ва дигар мақомоти Белорус ба Иттиҳодияи Аврупоро баррасӣ мекунанд. Тасмим дар бораи манъи сафари раҳбарони Белорус ба кишварҳои узви Иттиҳодия се сол қабл гирифта шуда буд ва соли гузашта, баъд аз раҳоии маҳбусони сиёсӣ аз зиндон, мутаваққиф гардид. Иттиҳодияи Аврупо Минскро дар поймолсозии ҳуқуқи башар айбдор мекунад ва ислоҳоти демократӣ дар Белорусро талаб дорад.

XS
SM
MD
LG