Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хотамӣ дар интихобот ширкат нахоҳад кард?


Ба иттилоъи бархе расонаҳо, раисиҷумҳури собиқи Эрон Муҳаммад Хотамӣ аз сабқат дар интихоботи президентии моҳи июн канор меравад. Ва аммо ин иттилоъ аз сӯи худи Хотамӣ расман таъйид нашудааст. Муҳаммад Хотамӣ аз соли 1997 то соли 2005 раисиҷумҳури Эрон буд ва ба нармшавии равобити миёни кишвар ва Ғарб мусоидат кард. Ва аммо ин равобит баъди раисиҷумҳур интихоб шудани Маҳмуди Аҳмадинажод дубора сард шуд. Маҳмуди Аҳмадинажод дар интихоботи оянда аз довталабони аслии мақоми раисиҷумҳур маҳсуб мешавад.

Тибқи баъзе хабарҳо, Муҳаммад Хотамӣ дар интихоботи раёсатиҷумҳурӣ аз номзади ислоҳотталабон Мир Ҳусейн Мусавӣ пуштибонӣ хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG