Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Лимити барқ лағв шуд


Бо гузашти беш аз 100 рӯзи бебарқиҳо дар вилояти Хатлон ниҳоятан маҳдудиятҳо дар интиқоли барқ ба манозили сокинони шаҳри Қӯрғонтеппа комилан лағв гардиданд. Ҳамчунин ба хонаи сокинони навоҳӣ ва деҳоти дурдаст пас аз бебарқиҳои комил низ равшанӣ расид.

Оймаҳмад Самадов, раиси Шабакаҳои барқи ҷануб, бо тасдиқи ин хабар гуфт, бо афзудани мизони ҷоришавии об ба обандори нерӯгоҳҳои Норак ва Сарбанд, мақомот тасмим гирифтанд, маҳдудиятҳои интиқоли барқро дар маркази маъмурии вилояти Хатлон – шаҳри Қӯрғонтеппа лағв намуда, ба деҳоти дурдаст, ки дар ду моҳи ахир тамоман нерӯ намерасид, онро интиқол бидиҳанд.

Ҳамакнун, агар Қӯрғонтеппа 24 соат дар як шабонарӯз барқ мебинад, он ба навоҳии атроф ва деҳот субҳ аз соати 6 то 8 – ду соат ва шом аз соати 18 то 21 – се соат таҳвил меёбад.

Дар ҳамин ҳол, сокинони маҳалӣ аз лағви маҳдудиятҳои интиқоли барқ истиқбол карда, аммо мегӯянд, барқ на 24 соат бефосила, балки дар давоми рӯз якчанд маротиб қатъ низ мешавад. Аммо сокинони деҳот, мисоли Файзиддин Саломов, сокини участкаи Максим Горкийи ноҳияи Бохтар, мегӯянд, ба сабаби бебарқӣ аз рӯйдодҳои кишвар ва ҷаҳон ноогоҳ ҳастанд. ӯ мегӯяд, азбаски бозор, аз қишлоқашон дур аст, рӯзномаҳоро саривақт харида наметавонад. Муҳаррам Шарифова, сокини 50-солаи ноҳияи Вахш дар навбати худ мегӯяд, бахши аъзами даромади оилавиаш барои харидани гӯгирду шамъу чароғ сарф мешавад.

Дар ҳамин ҳол, Каромат Киромов, сокини шаҳри Қӯрғонтеппа, мегӯяд, ки ахиран аз тариқи шабакаи телевизионии «Ориёно»-и Афғонистон гузорише оид ба проблемаи барқ пахш гардид. Дар он гуфта мешуд, ки қаблан ба вилояти Қундузи Афғонистон 24 соат аз Тоҷикистон барқ меомад, ҳоло бошад, бинобар бӯҳрони барқ танҳо се соат ҳар рӯз барқ интиқол меёбад. Оқои Киромов мегӯяд, дар ҳоле ки дар баъзе маҳалҳо, ноҳияҳои вилояти Хатлон даҳҳо рӯз аст, ки тамоман барқ нест, вилояти Қундузи Афғонистон ҳар рӯз 3 соат бо барқи Тоҷикистон равшан мешавад. Дар ин сурат, ба андешаи оқои Киромов, адолати иҷтимоӣ аз сӯйи ҳукумати кишвар таъмин намешавад.

Ва аммо Оймаҳмад Самадов, раиси Шабакаҳои барқи ҷануб, мегӯяд, дар сурати ба дараҷаи мӯътадил расидани сатҳи оби нерӯгоҳи Норак, дар моҳи апрел маҳдудиятҳои феълӣ низ комилан бардошта хоҳанд шуд.
XS
SM
MD
LG