Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Сомалӣ чаҳор корманди СММ рабуда шуданд


Дар Сомалӣ чаҳор корманди хайрияи Созмони Милали Муттаҳид рабуда шуданд. Ба иттилоъи хабаргузории Франс-Пресс, се нафари онҳо шаҳрвандони хориҷиянд. Дар баёнияи СММ гуфта шудааст, субҳи рӯзи душанбе дар шаҳри Ваҷид афроди мусаллаҳи ношинос корвони мошинҳои созмонро, ки сӯи фурудгоҳ мерафт, боздоштанд ва кормандони хайрияро бо худ бурданд.

Тайи ду соли ахир рабудани шаҳрвандони хориҷӣ дар Сомалӣ ба як амри маъмулӣ табдил шудааст. Гуфта мешавад, ки одамрабоён бо гаравгонҳо муносибати хуб мекунанд ва баъди ба даст овардани хунбаҳо ба онҳо озодӣ мебахшанд.
XS
SM
MD
LG