Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Коммунисти собиқ президенти Салвадор интихоб шуд


Дар интихоботи раёсати ҷумҳурии Салвадор номзади ҳизби чапгаро Маурисио Фунес пирӯз шуд. Ба иттилоъи хабаргузориҳо, аз ӯ беш аз 51 дар сади афроди дорои ҳаққи раъй пуштибонӣ карданд, рақиби Фунес - раҳбари ҳизби АРЕНА Родриго Авила тақрибан 49 дар сади раъйҳоро соҳиб шудааст. Тайи 18 соли баъд аз хатми ҷанги шаҳрвандӣ дар кишвар, Авила бори аввал дар интихобот мағлуб шуд. Дар ҷанги шаҳрвандӣ дар Салвадор, ки 20 сол идома дошт, тақрибан 70 ҳазор нафар ба ҳалокат расиданд.

Маурисио Фунес, ки хабарнигори телевизион аст, солҳои ҷавонӣ узви Ҷабҳаи озодихоҳи миллии ба номи Фарабундо Мартӣ буд ва аммо силоҳ дар даст дар ҷанги шаҳрвандӣ ширкат накардааст. Ҷабҳаи озодихоҳи миллии ба номи Фарабундо Мартӣ бо кумаки Куба ва Никарагуа алайҳи ҳукумати вақти Салвадор мубориза мебурд.

Баъди пирӯзӣ дар интихобот Фунес дар ҳамоиши ҷонибдоронаш ваъда дод, ки “саҳифаи нави осоиштаи таърихи кишвар”-ро боз хоҳад кард.

XS
SM
MD
LG