Пайвандҳои дастрасӣ

"СМТ" аз пахш мондааст


Зиннатулло Исмоилов, раиси «Симои мустақили Тоҷикистон»

Зиннатулло Исмоилов, раиси «Симои мустақили Тоҷикистон»

Пахши барномаҳои телевизиони мустақили Тоҷикистон ё СМТ ба далели напардохтани қимати барқ ба ширкати давлатии «Шарқи Озод» аз ҷониби ҳамин ширкат қатъ карда шуд. Ва таи се руз аст, ки бинандагон аз тамошои барномаҳои СМТ маҳруманд.

Зиннатулло Исмоилов, раиси «Симои мустақили Тоҷикистон» дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, қатъи барномаҳои телевизиони мустақил ҳеҷ ангезаи сиёсй надошта, танҳо сабаби иқтисодӣ, яъне, напардохтани пули барқ мебошад. Оғои Исмоилов афзуд, дар ҳоли ҳозир, СМТ имкони пардохти қарзро надорад, вале талш дорад, маблағ пайдо кунад.

Идораи СМТ дар қабати 8-уми нашриёти давлатии Шарқи озод қарор дошта, ва сарфи барқ аз ҳисоби ҳамин нашриёт мебошад. Аксари кулли нашрияҳои мустақил ва давлатии Тоҷикистон дар ҳамин бино ҷой доранд. Дар сурате ки кадоме аз ин нашрияҳо неруи масрафкардаи худро напардозанд аз ҷониби Шарқи озод ҳушдор дода хоҳанд шуд.

Зинатулоҳ Исмоилов аз иттилои ҳаҷми қарзи СМТ дар назди Шарқи озод худдорӣ кард ва ӯ гуфт, ки ҳамчунин аз хоҷагии коммуналии шаҳр низ қарздор мебошанд. Зиннатулло Исмоилов гуфт, онҳо барои ёрии молӣ ба созмонҳои байнулмилалӣ муроҷиат кардаанд, аммо, дар ҳоли ҳозир, ба гуфтаи вай, ин созмонҳо дар ин бора иқдом накардаанд.

Телевизиони мустақили Тоҷикистон ё СМТ соле пештар ба фаъолият шуруъ карда буд. Барномаҳои онро дар пойтахт ва атрофи он тамошо карда мешуд.
XS
SM
MD
LG