Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Чоудрӣ дар мақомаш барқарор мешавад


Мақомоти Покистон тасмим гирифтанд, ки ба хотири ҷилавгирӣ аз жарфтар шудани низоъ бо аҳзоби мухолиф раиси пешини Додгоҳи Олӣ Ифтихор Чоудриро дар маснадаш барқарор кунанд. Дар ин бора бегаҳи дирӯз сарвазири Юсуф Ризо Гелонӣ дар як паёми телевизионӣ ба мардуми кишвар хабар дод. Ба гуфтаи сарвазир, Чоудрӣ шурӯъ аз рӯзи 21 март мақоми пешинашро ишғол хоҳад намуд. Ба думболи ин изҳорот Навоз Шариф, яке аз раҳбарони мухолифин, раҳпаймоии эътирозии ҷонибдоронаш аз Лоҳур сӯи Исломободро қатъ кард. Қарор буд, ки имрӯз аҳзоби мухолиф дар канори бинои парлумони Покистон ҳамоиши бузург доир кунанд. Мухолифин ҳамчунин талаб доранд, ки ҳукми Додгоҳи Олӣ дар мавриди манъи ширкати Навоз Шариф дар интихобот низ лағв карда шавад.

XS
SM
MD
LG