Пайвандҳои дастрасӣ

Ҷоми «Ала-То-2009»: Тоҷикистон – дар даври ниманиҳоӣ


Дастаи мунтахаби олимпии футболи Тоҷикистон ба даври ниманиҳоии мусобиқаи байнулмилалӣ барои дарёфти Ҷоми «Ала-То-2009» роҳ ёфт.

Даҳумин давраи ин мусобиқаи анъанавӣ дар шаҳри Канти Қирғизистон бо ширкати 10 даста дар ду гурӯҳ ҷараён дорад.

Мунтахаби олимпии Тоҷикистон пас аз ғалаба дар даври аввал бар дастаи «Тараз»-и Ҷамбули Қазоқистон бо ҳисоби 5:1, бозии даври дуюмро бо мунтахаби ҷавонони то 19-солаи Кипр бо ҳисоби 1:1 анҷом дод ва дар даври сеюм бар мунтахаби ҷавонони Қирғизистон бо ҳисоби 3:1 пирӯз шуд.

Бад-ин тартиб мунтахаби олимпии Тоҷикистон бо 7 имтиёз аз 3 бозӣ дар гурӯҳи «А» дар ҷои дуюм қарор гирифтааст. Дастаи мизбон - «Абдиш-Ота»-и Кант, ки дар ҳарсе дидор ғолиб омадааст, бо 9 имтиёз дар ҷои аввал мебошад. Фардо – 17-уми март - дар бозии даври охирин байни «Абдиш – Ота» ва мунтахаби олимпии Тоҷикистон ғолиби сабқати гурӯҳи «А» муайян хоҳад шуд. Вале новобаста аз натиҷаи ин дидор ҳарду даста ба даври ниманиҳоӣ роҳ ёфтанд.

Дар гурӯҳи «Б» дастаи мунтахаби миллии Қирғизистон бо 6 имтиёз аз 2 бозӣ дар ҷои аввал ва «Олой»-и Ӯш бо 6 имтиёз аз 3 дидор дар ҷои дуюм мебошанд.

Ба иттилоъи Нуриддин Букуев, корманди масъули Федеросиюи футболи Қирғизистон, бозиҳои ниманиҳоии Ҷоми «Ала-То-2009» 18-уми март ва бозии ниҳоӣ 20-уми март баргузор хоҳанд шуд.
XS
SM
MD
LG