Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оғози мусобиқаи ёдбуди Г. Аъзамов дар Тошканд


Дар мусобиқаи байнулмилалӣ оид ба шоҳмот барои гиромидошти хотираи аввалин гроссмейстери Узбакистон Георгий Аъзамов ду шатранҷбози тоҷик – Фаррух Амонатов ва Соҳиб Ҷӯраев - ширкат доранд.

Севумин давраи ин мусобиқаи анъанавӣ бо ширкати беш аз 100 шатранҷбози 10 кишвари ҷаҳон 16-уми март дар шаҳри Тошканд шурӯъ шуд. Муддаъиёни аслии ҷоизаи аввал собиқ қаҳрамони ҷаҳон Рустам Қосимҷонов (Узбакистон) ва ғолиби мусобиқаи порсола, гроссмейстери тоҷик Фаррух Амонатов мебошанд.

Инчунин дар ин мусобиқа гроссмейстерҳо Сергей Волков, Юрий Кузубов, Виталий Сешковский (ҳарсе аз Русия), Алексей Фёдоров (Беларус), Вадим Малахатко (Белгия), Виталий Голод (Исроил), Павел Котсур, Анвар Исмагамбетов (ҳарду аз Қазоқистон), Борис Чаталбашев (Булғористон) ва 15 нафар устодони байнулмилалӣ ва устодони ФИДЕ ҳунарнамоӣ мекунанд.

Дар нaхустин даври мусобиқа Фаррух Амонатов бо Татяна Ким (Қазоқистон) ва Соҳиб Ҷӯраев бо Сироҷиддин Зайниддинов (Узбакистон) бозӣ хоҳанд кард.

Ғолиб ва ҷоизадорони мусобиқа 26-уми март муайян хоҳанд шуд.
XS
SM
MD
LG