Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ОПЕК то май истихроҷи нафтро кам намекунад


Вазирони нафти кишварҳои ОПЕК ё содиркунандаи нафт тасмим гирифтанд, ки истихроҷи нафтро то моҳи май дар сатҳи кунунӣ нигаҳ доранд.

Ин нуктаро Ҳусейн ал-Шаҳристонӣ, вазири нафти Ироқ дар мулоқоти вазирон дар Вена эълон кард. дар ин мулоқот ҳамчунин эълон карданд, ки 12 кишвари содиркунандаи нафт ё ОПЕК бори дигар моҳи май бо ҳам мулоқот хоҳанд кард, то вазъи бозоррро бори дигар баррасӣ кунанд.

Аз моҳи сентябр ба ин сӯ ОПЕК се дафъа истихроҷи нафтро коҳиш дод ва бисёриҳо интизор буданд, ки дар мулоқоти дирӯз низ вазирон коҳиши истихроҷи нафтро эълон хоҳанд кард, зеро нархи нафт поин рафтааст. Аммо Шаҳристонӣ дар Вена гуфт, ки истихроҷи нафт то моҳи май тағир нахоҳад ёфт. Мулоқоти навбатии ин вазирон 28-уми май баргузор мешавад.

Масъалаи аслии баррасӣ дар мулоқоти Вена ин буд, ки ё ба коҳиши навбатии истихроҷи нафт мухолифат кунанд ё кишварҳои ОПЕК-ро ташвиқ кунанд, ки коҳиши моҳи сентябрро аз миён бардоранд. Аз моҳи сентябр ба ин сӯ ҳар рӯз 4 миллиону 200 бушка нафт камтар истихроҷ мешавад. Бо вуҷуди ин ки коҳиши дарназардоштаи моҳи сентябр комилан иҷро нашудааст, вале нархи нафт аз 32 доллар барои ҳар бушка ба 46 доллар расид.

Бино ба гузоришҳо, тасмими дирӯзаи вазирон ба кишварҳои ОПЕК фишор хоҳад овард, то онҳо нисбат ба квотаҳои содиротии худ ба хориҷ нафти бештар содир кунанд Қаблан Русия - бузургтарин кишвари мустақили содиркунандаи нафти ҷаҳон эълон кард, ки содироти худро коҳиш медиҳад, то бад-ин васила нарх дар бозорҳои ҷаҳонӣ боло равад.

Игор Сечин, муовини нахуствазири Русия, ки дар мулоқот ба ҳайси нозир ширкат дошт, аз ҳамаи кишварҳои тавлидкунандаи нафт даъват кард, ки истихроҷи нафт коҳиш дода шавад, зеро он иқдоме барои боло бурдани нархи нафт дониста мешавад.

Қабл аз оғози мулоқот Чакиб Халил, вазири нафт ва захоири маъдани Алҷазоир низ гуфт, агар ОПЕК дар оянда истихроҷи нафтро кам накунад, нархи нафт дар бозорҳои ҷаҳонӣ ҳамчунон поин хоҳад рафт. Аммо ба ин нуқтаи назар ҳама розӣ нестанд. Масалан, Абдуллоҳ Ал Атия-вазири нафти Қатар ин корро ғайримумкин хонд.

Аммо нигарониҳои кишварҳои истеъмолкунанда, ки мегӯянд, боло рафтани нархи нафт ба иқтисоди бӯҳронии ҷаҳон асари манфӣ хоҳад гузошт, зоҳиран мавриди омӯзиши кишварҳои содиркунандаи нафт қарор мегирад.
XS
SM
MD
LG