Пайвандҳои дастрасӣ

Дархости Медведев аз сарватмандони Русия


Дирӯз Дмитрий Медведев-раиси ҷумҳури Русия аз тоҷирону бозаргонони бузурги кишвари худ дархост кард, ки дар давраи бӯҳрони саросарии молӣ "қарзи вуҷдонии" худро иҷро кунанд. Вай ин давраро даврони ба истилоҳ "Чистка" ном бурд. Медведев гуфт, ҳоло барои тоҷирони сарватманд замони он фаро расидааст, ки масъулияти иҷтимоъиро дарк кунанд ва манофеъи коргаронашонро аз манофеъи худ волотар шуморанд. Бисёре аз сарватмандони Русия дар дврони хусусисозии зиддунақизи солҳои 1990-ӯм корашон барор гирифт ва сипас болоравии нархи нафт дар бозорҳои ҷаҳонӣ сарвати онҳоро бештар кард. Ҳоло сарватмандтарин мардони Русия миллионҳо доллари худро дар бӯҳрони иқтисодӣ аз даст медиҳанд.

XS
SM
MD
LG