Пайвандҳои дастрасӣ

Венесуэло ҳавопаймоҳои русиро истиқбол мекунад


Ҳуго Чавез-раиси ҷумҳури Венесуэло гуфтааст, аз фуруди ҳавопаймоҳои низомии Русия дар хоки кишвараш истиқбол мекунад. Аммо вай инкор кардааст, ки ҳеҷ нақшае дар бораи иҷоди пойгоҳи низомии Русия дар қаламрави Венесуэло вуҷуд надорад. Хабаргузории Интерфакси Русия аз қавли Анатолий Жикарёв-генерали Русия навиштааст, ки баъзе бамҳои стротегӣ бо пешниҳоди Венесуэло дар ҷазирае мустақар хоҳанд шуд. Интерфакс ҳамчунин аз қавли Анатолий Жикарёв гузориш додааст, ки ҳавопаймоҳои бамбафкани Русия метавонанд дар хоки кумунистҳо, дар Кубо мустақар шаванд. Аммо як мақоми Кохи Кремл гуфтааст, Жикарёв тахминӣ гап задааст.

XS
SM
MD
LG